Натиҷаи ноамниҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ: манзилҳои харобгаштаи сокинон аз тиру туфанг - акс

Sputnik

Санаи 27 сентябр дар қаламрави ҷумҳурии эътирофнашуда даргириҳо оғоз шуданд. Арманисон ва Озарбойҷон ҳамдигарро дар доман задани низоъ гунаҳгор карданд.

Нигаронии Маҳмудзода аз вазъи ноороми Қарабоғи Кӯҳӣ

Ҳар ду кишвар ҳамдиггарро дар ҳамла ба қаламрави якдигар муттаҳам мекунанд. Дар ҷараёни даргириҳои ахири миёни ду ҷумҳурии Қафқози Ҷанубӣ даҳҳо нафар аҳолии бегуноҳ ҷон додааст.

Ингуна даргириҳои шадид дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз соли 1994 мушоҳида нашуда буд – он замон даргириҳо хомуш шуда буд, аммо базҳс идома дошт.

Пешниҳоди Жириновский: Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳайъати Русия ворид шавад

Қонунан, Қаробоғи Кӯҳӣ қаламрави Озарбойҷон ба ҳисоб меравад, вале дар соли 1991 баъд аз баргузории овоздиҳии умумии ҷумҳурӣ истиқлолияти худро эълон кард.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳон истиқлолияти ҷумҳурии  Қаробоғи Кӯҳиро касе ба расмият нашинохтааст. Таърихан дар Қаробоғи Кӯҳӣ арманиҳо зиндагӣ мекунанд.

Қарор аст, шоми 29-уми сентябр Шӯрои амнияти СММ ҷаласаи изтирориро барои баррасии ин низоъ барпо кунад, чун хатари ҷалби қудратҳои минтақавии Русияву Туркия ҳам ба миён омадааст.

1 / 14
Дар ин манзили ин зан, аз тирпарронӣ шишаҳои тирезаи хонааш пурра шикастанд
2 / 14
Тирпарронӣ ин хонаи сокини Қарабоғи Кӯҳиро хароб намудаст
3 / 14
Хонаи комилан фурӯ рафта ва худраве, ки аз тирпарронӣ сахт хароб гардидаст
4 / 14
Ба ин хонавода Худованд раҳм кардаст, чун каме дуртар аз бистаре, ки фарзандашон хоб буд, мушак партоб шуд. Хушбахтона кӯдак осеб надид
5 / 14
Фарши фурӯрафтаи як хонаи сокини маҳаллӣ
6 / 14
Марде манзилеро нишон медиҳад, ки дар ҷамоати Иваняни Қарабоғи Кӯҳӣ аз тири гулӯла зарар дидааст.
7 / 14
Хона ва мошине, ки дар натиҷаи тирборон шудани ҷамоати Иваняни Қарабоғи Кӯҳӣ осеб дидааст

8 / 14
Хонае, ки дар натиҷаи тирпарронӣ дар ҷамоати Иваняни Қарабоғи Кӯҳӣ хароб шудааст.
9 / 14
Снаряди мушакии системаи "Смерч" дар ҳудуди ҷамоаи Иваняни Қарабоғи Кӯҳӣ.

10 / 14
Реактивный снаряд системы "Смерч" на территории общины Иванян Нагорного Карабаха.
11 / 14
Воронка аз снаряде, ки ба сӯи ҷамоати Иваняни Қарабоғи Кӯҳӣ партоб шуд

12 / 14
Мошини харобшуда дар натиҷаи тирборон кардани ҷамоати Иваняни Қарабоғи Кӯҳӣ.
13 / 14
Марде дар як бинои истиқоматӣ, ки дар натиҷаи тирборон шудани ҷамоати Иваняни Қарабоғи Кӯҳӣ хароб шудааст.

14 / 14
Дар натиҷаи тирборон шудани ҷамоати Иваняни Қарабоғи Кӯҳӣ тирезаҳои шикастаанд