Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Тоҷикистон кай дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон мекушояд?

Дар Тоҷикистон ҳамоно дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус дари масҷидҳо барои намозгузорон баста аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам намозгузорӣ дар масҷидҳо номумкин аст, хабар медиҳад Парс тудей.

Намоз ва қурбонӣ онлайн: коронавирус чигуна Иди Қурбонро тағйир дод

Манбаъ аз қавли Эмомалӣ мирзоев сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба далели калонсол будани синну соли аксар намозгузорон дар кишвар, ҳоло санаи дақиқи бозкушоӣ шудани дари масҷидҳо номаълум аст.

Мирзоев мегӯяд, одамони калонсол ба гурӯҳи хатар шомилан ва аз ин рӯ ин масъала ҳоло мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Зимнан, сухангӯи Кумитаи дин Афшини Муқим низ таъкид кардааст, ки риояти фосилаи иҷтимоӣ дар масҷидҳо кори сахт мебошад.

Нахустин намоз дар масҷиди Оя София - пахши мустақим

Ӯ мегӯяд, дар сурати беҳ шудани вазъи коронавирус дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити хуб дар масоҷид, ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад.

Ёдовар мешавем, масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ тибқи дастури Шӯрои уламои исломии  кишвар ва тавсияҳои Ситоди муқобила бо вируси корона барои ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, баста шуд.

Қаблан, Тоҷикистон дари тарабхонаву қаҳвахонаҳоро низ баста буд. Аммо сар аз 15 - уми июл фаъолияти тарабхонаҳо аз сар гирифта шуд ва баргузории тӯю маъракаҳои хурсандӣ бо ҳузури на беш аз 30 нафар иҷозат дода шуд.