ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар ин бора аз дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ваколати Бахтовар Сафарзода, имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатӣ қатъ карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, ваколати Сафарзода бинобар таъйин шуданаш ба вазифаи намояндаи комилҳуқуқи порлумони Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қатъ шуд.
Бахтовар Сафарзода номзади Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ду маротиба, тайи солҳои 2015 ва 2020 вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи вахш интихоб гаштааст.
Номбурда доктори ҳуқуқ буда, дар гузашта мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм буд.
Ӯ узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон буда сар аз 7 апрели соли 2015 ба сифати гурӯҳи вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.