Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Пизишки рус иштибоҳи нафароне, ки мубталои коронавирус ҳастанд, ифшо кард

Мутахассиси рус мегӯяд, мубталоёни маризии коронавирус набояд ба худдавоӣ машғул шаванд, балки ҳатман барои гирифтани табобати сареҳ, ба пизишк муроҷиат кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Умдатарин иштибоҳи нафарони гирифтор ба маризии коронавирус, ин сари вақт муроҷиат накардан ба духтур мебошад, мегӯяд Виктор Зуев, мудири шӯъбаи микробиологияи сироятҳои ниҳонии Институти Гамалея.

Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро то ҳол аз Русия воксинаи зидди коронавирус дархост накардааст

Зуев ба тамоми шаҳрвандон муроҷиат намуда, дархост кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба худдармонӣ машғул нашаванд, балки баръакс ҳар чӣ зудтар бояд ба мутахассис муроҷиат кунанд.

"Агар вазъи саломатиятон беҳад вазнин аст ва мадори то беморхона рафтанро надоред, зуд мошини Ёрии таъҷилиро даъват кунед", - афзудааст Зуев.

41 нафар мариз шуданду 48 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Зимнан, намояндаи Роспотребнадзор Наталя Пшеничная мегӯяд, Русия пас аз чанд ҳафтаи оянда, ба баландтарин қуллаи авҷи маризии коронавирус мерасад.

Номбурда изҳори умедворӣ кард, ки мавориди нави сироятшавӣ ба COVID - 19 аз 9 000 ҳолат дар як рӯз, зиёдтар сурат намегирад.

Зимнан, ӯ қайд кард, ки сатҳи афзуншавии теъдоди мавридҳои нави гирифторшавӣ ба ин дард, аз худи сокинон вобаста аст.

Пшеничная мегӯяд, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва оддитарин қоидаҳои санитарӣ, метавонанд ин ададро коҳиш диҳанд.