Оғози барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон бо 27 ҳазор корманду 3,5 ҳазор планшет

Дар маҷмӯъ барои гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон беш аз 27 ҳазору 500 нафар кормандони муваққатӣ ҷалб гардидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон сара аз субҳи имрӯз барӯйхатгирии аҳолӣ оғоз гардид, ки он то 15 октябри соли равон идома хоҳад кард, хабар додааст “Ховар”.

Мақомот гуфт чигуна барои барӯйхатгирии аҳолӣ омодагӣ гирифтааст

Ин навбат тартиби гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ аз се усул — интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад.

Ворис Муродзода, сардори раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омор гуфтааст, ки бори аввал дар Тоҷикистон барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар шаҳр ва шаҳракҳо беш аз 3500 планшет, ки дар он барномаи махсус барои гузаронидани ин маърака насб карда шудааст, истифода мешавад.

 Бар пояи маълумоти пешакӣ, беш аз 30% аҳолии мамлакат бо истифода аз планшет аз рӯйхат гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, барои беҳтар намудани сатҳу сифати корбарӣ аз ҷониби Агентии омор ба раёсату шуъба ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои мамлакат компютерҳои замонавӣ, ноутбукҳо, принтер, факс ва инчунин мебелҳои замонавӣ-мизи корӣ, ҷевон, курсӣ, роҳаткурсӣ ва маҷмӯи дигари таҷҳизот дастрас карда шуданд.

Барои гузаронидани ин маъракаи беш аз 27 ҳазору 500 нафар кормандони муваққатӣ аз ҳисоби шахсони соҳибмаълумоти муваққатан бекор, кормандони соҳаи маориф, тиб, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ ҷалб гардидаанд, афзудааст манбаъ.

Сарфаи вақту пул: Тоҷикистон тасмим дорад барӯйхатгирии аҳолиро тариқи интернет гузаронад

Манбаъ мегӯяд, Натиҷаҳои аввали барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар семоҳаи якуми соли 2021 ҷамъбаст ва нашр хоҳанд шуд.