Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Марги як тоҷикистонии дигар аз COVID - 19: вазорат аз 41 ҳолати нави мубталошавӣ гуфт

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронаиврус боз як дардманди дигар ҷон аз даст дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар як маризи коронавирус ба ҳалокат расид.

Пизишки рус иштибоҳи нафароне, ки мубталои коронавирус ҳастанд, ифшо кард

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, ҳамчунин рӯзи гузашта боз 42 ҳолати нави мубталошавии сокинон ба ин вирус сабт гардид.

Ба ҳамин минвол, аз 30 апрел то 1 октябр дар ҷумҳурӣ шумораи умуми маризони коронаиврус ба 9811 нафар баробар шуд.

Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро то ҳол аз Русия воксинаи зидди коронавирус дархост накардааст

Гуфта мешавад, то имрӯз дар мамлакат 8617  нафар ё худ 87,7 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 77 нафар фавтидаанд.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки шабонарӯзи охир 71 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 - юми сентябр низ як ҳолати фавт аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.