Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан се сол мегузарад, вале то ҳол гумонбари асосӣ Александр Сёмин ҳукм нагирифтааст

Гумонбар дар куштори Ҳувайдои 5-сола, ба додгоҳ кашида мешавад

Гумонбари куштори духтари 5-солаи тоҷик, Александр Сёмин, ки бемор арзёбӣ мешуд, эҳтимол пас аз ду моҳ ба додгоҳ кашида шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Пизишкон вазъи равонии Александр Сёминро, ки дар куштори духтари панҷсолаи тоҷик айбдор мешавад, муътадил арзёбӣ карданд. Дар ин бора ҳимоятгари хонаводаи Тиллозода - Шавкат Умаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Қазияи Ҳувайдои 5-сола: даст доштани Сёмин ба куштор исбот шуд, вале айбдорияш не

Ёдрас мешавем, ки 30 сентябри соли гузашта муҳокимаи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи куштори Ҳувайдо аз ҷониби додгоҳи вилояти Маскав қатъ карда шуда, айдборшаванда барои табобат ба беморхонаи Смоленск равон карда шуд.

Чуноне ҳимоятгар гуфт, пизишкон ба хулоса омаданд, ки Сёмин дигар ба табобат ниёз надорад. Ва аз ҷониби додгоҳи шаҳри Сичевки табобати иҷборӣ қатъ карда шуд. Вале, ҳимоятгарони Сёмин аз рӯи ин қарор шикоят бурданд.

Гумонбар ба куштори Ҳувайдои 5 - сола ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир нашуд

Ба гуфти ҳимоятгар барои баррасии ин шикоят асос кам аст ва он ду-се ҳафта давом хоҳад кард.

"Ва агар додгоҳ қарорро бекор накунад, Сёмин паси панҷара меравад", - гуфт Умаров.

Ба гуфти ӯ ҳамаи далелҳои парванда ҷамъ карда шудаанд ва барои тафтишоти пурра боз ду моҳи дигар лозим аст.

"Пас аз ду моҳ парвандаи Сёмин дар додгоҳ муҳокима хоҳад шуд", - хулоса кард ҳимоятгар.

Ёдовар мешавем, ки Сёмин гумонбари асосӣ дар қатли Ҳувайдои 5 - сола то ҳол дар яке аз бемористонҳо касалии рӯҳӣ дар Смоленск қарор дорад.

Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.