ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 48-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:00, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 7-солааш 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
"Зарари расонидашуда 750-сомониро ташкил медиҳад", - омадаст дар хабарнома.
Ҳамин тавр, дар паи баргузори чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б. Бурунови ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда санаи 28-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 8-солаи сокини ҳамин шаҳр 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуда ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.