Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамен мактаб бунёд кард

Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар асоси супориши Ҳукумати Ӯзбекистон бо саҳми Ҷамъияти саҳомии "Ӯзбекистон темир йулларӣ" анҷом ёфта, дар корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ мутахассисони ин ҷумҳурӣ ширкат кардаанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо ташаббуси Ӯзбекистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ба истифода дода шуд.

Бино ба гузориши Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи он Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи халқи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, иҷрокунандаи вазифаи раиси шӯрои Ҷамъияти саҳомии "Ӯзбекистон темир йулларӣ" Хуснутдин Хасилов, ҳайатҳои расмӣ, намояндагони аҳли илму маорифи давлатҳо, омӯзгорону хонандагон ва сокинони ноҳия ширкат доштаанд.

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов вориди Душанбе шуд

Гуфта мешавад, ки бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 28 синфхона, 8 кабинети фаннӣ, синфхонаҳои забономӯзӣ, санъати тасвирӣ, устохонаҳои таълимӣ, толори варзишӣ, дафтарҳои кории директору омӯзгорон, ошхона, толори варзишии пӯшида, майдони берунӣ ва китобхонаи замонавӣ мебошад.

Зимни ифтитоҳи муассиса меҳмонон муассиса ва сифати корҳои сохтмонӣ дидан карда, бо омӯзгорон ва хонандагони муассиса суҳбат намудаанд.

Зикр шудааст, ки бунёди муассисаи мазкур баёнгари дӯстии пояндаи ҳарду миллат буда,  дар чунин шароит аҳли маориф  барои баланд бардоштани сатҳу сифати донишу тарбия донишу маҳорати хешро истифода мебаранд.

Манбаъ афзуда, ки сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар асоси супориши Ҳукумати Ӯзбекистон бо саҳми Ҷамъияти саҳомии "Ӯзбекистон темир йулларӣ" анҷом ёфта, дар корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ мутахассисони ин ҷумҳурӣ ширкат кардаанд.