ВКД гуфт, Зойировро назадаанд. Шоҳид: ӯро сагаш кашид ба ҷӯй афтид-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон латукӯби раиси ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон шаҳрванд Раҳматилло Зойировро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат, Зойиров дар бораи латукӯб шуданаш ба ин ниҳод муроҷиат накардааст, аммо новосба аз ин оид ба изҳороти фейсбукияш ҳодиса таҳқиқ шудаст.

Раҳматилло Зойировро боз кӯфтанд: "беҳуш будам, аммо касе ба кумакам наомад"

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи санади судӣ-тиббӣ таҳти  ҷароҳатҳои ҷисмонии дар намуди харошаҳо бардоштаи шаҳрванд Зойиров, ба зарари ба саломатӣ ҳамбастагӣ надошта, дар сари ӯ ягон осеби ҷароҳат ёфт нашуд. Манбаъ мегӯяд, шоҳиди ҷойи ҳодиса шаҳрванд Давлатхоҷаев Қобилҷони 22 сола сокини кӯчаи Маяковскии пойтах, нишондод додааст, ки санаи 22 сентябри соли 2020 бегоҳирӯзӣ ҳамсояаш Зойиров Р.Ҳ.-ро вохӯрд, ки номбурда бо сагаш сайругашт менамуд.

“Дар ин маврид саг Зойиров Р.Ҳ.-ро ба як тараф кашид ва дар натиҷа номбурда ба дохили ҷӯйбори бетонӣ афтид”, афзудаст Давлатхоҷаев.

Давлатхоҷаев  изҳор намудааст, ки Зойиров пас аз афтидан ба ҷуйбор ҷароҳат бардошт ва худаш аз ҷуйбор бархест. Ӯро ҳеҷ кас лату кӯб накардааст, зеро дар гирду атрофи ҷойи ҳодиса ба ғайр аз онҳо ягон шахси дигар ҳузур надоштааст.

Ба иттилои ВУД, шаҳрванд Ҳусейнов Фахриддин низ гуфтааст, зимни вохӯрӣ Зоиров оиди харошҳои рӯяш ба ӯ гуфтааст, ки дар назди бинои истиқоматиаш афтида буд.

“Ҳамчунин ҳамсари Зойиров Р.Ҳ. шаҳрванд Каримова Мавзуна Тимуровна, 1959 с.т., сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, х.45/1, ҳ.27, чунин нишон дод, ки рӯзи 22 сентябри соли 2020 шавҳараш бегоҳирӯзӣ ба хона омад ва либосҳои ӯ дар лой олуда буд. Вақте, ки аз ӯ пурсон мешавад, ки чаро либосҳояш тару лойолуд аст, ӯ ҷавоб медиҳад, ки ба ҷӯйбор афтидааст. Дар бораи лату кӯб Зойиров Р.Ҳ. ба ӯ чизе нагуфтааст”, афзудааст ВУД.

Ин ниҳод гуфтааст, дар вақти санҷиши ҳаматарафа, ваҷҳҳои овардаи шаҳрванд Зойиров Р.Ҳ. тасдиқи худро наёфт.

Гуфта мешавад, айни замон аз ҷониби ШТ ШВКД-1 дар ноҳияи Сино оиди ҳодисаи мазкур санҷиши пешакӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем қаблан Раиси Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон дас сафҳаи фейсбукияш навишт, ки ӯро дар назди манзили зисташ, ашхоси номаълум мавриди латукӯб қарор доданд.

Ба навиштаи Зойиров, ҳамлаи навбатӣ рӯзи 22 - уми сентябр , тақрибан соати 18:20 дақиқа, дар 20 метр дуртар аз хонаи истиқоматияш сурат гирифт.

Ба нигоштаи Зойиров, "яке аз онҳо ду зарба аз қафо зад: аввал ба чизи кунд ба сар, баъд ба чашми рост ва қисми чашми косахонаи сар аз паҳлӯ, дуюмӣ маро бо тамоми қувват ба ҷӯйбор тела дод, вақте афтодам, китфи чапам ба девори ҷӯйбор зад, сипас бо зону ба замин афтодам".