"Соҳибкор бо соҳибкор": Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

Беш аз 300 нафар дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкта карда, бо фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика ошно шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар доираи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати рушди иқтисод, Завқизода дар ин нишаст қайд карда, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромад.

Орипов: Раҳмон дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сафҳаи тиллоӣ боз кард

Манбаъ қайд карда, ки бо дастгирии ду кишвардор, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду давлат иштирок намудаанд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

"Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии ду ҷониба - соҳибкорони ду давлат дар сиғаи "Соҳибкор бо Соҳибкор" (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд додаанд.

Манбаъ афзуда, ки тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор менамоянд.