Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

Рӯзномаи “Der Spiegel” хабар додааст, ки канслери Олмон Ангела Меркел дар беморхонаи Шарите дар Берлин бо як сафари махфӣ аз Алексей Навалний хабар гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Нашрияи “Der Spiegel” навиштааст, ки Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ба таври махфӣ дар бемористони Шаритеи Берлин Алексей Навалний мухолифи давлати Русияро аёдат кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳороти Берлинро дар бораи Навалний шарҳ дод

Алекей Навалний низ дар саҳифаи Твиттер худ, гузориши нашрияи Олмонии Шпигел дар хусуси дидор бо Ангела Меркелро таъйид кард ва навиштааст, ки ин дидор як ҷаласаи хусуси ва гуфтугӯ бо хонавода буд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.