Табиби маҳбаси Хуҷанд ба гумони порагирӣ дастгир шудааст

Хайрулло Салимов, духтури калони қисми тиббии муассисаи ислоҳӣ ё зиндони 3/3-и Хуҷанд ҳангоми гирифтани ришва дастгир шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik. Бино ба иттилои манобеъ, Салимов дар гирифтани 700 сомонӣ пора аз наздикони яке аз маҳбусон гумонбар дониста мешавад.

Тасдиқи ҷадвали нави мусобиқоти куштӣ дар соли 2021

Як манбаи огоҳ аз ин қазия ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз рӯи ин ҳодиса додситонии назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд, бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, тафтишотро ба охир расонида, парвандаро ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол кардааст. 

“Акнун парвандаро баррасӣ намуда, нисбати кирдори содирнамудаи табиб Салимов дар суд баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд”,-гуфт манбаъ.

Назари бевоситаи Салимов ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест ва дар сурати дастрас шудан дар ин саҳифа нашр хоҳад шуд.

Ахиран Шараф Аваззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 339 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои харакетери коррупсионидошта сабт шудааст. Аваззода гуфт, ба омори содиршавии ҷиноятҳои коррупсиониро кормандони сохторҳои гуногун аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кумитаи заминсозӣ, бонкҳо ва дигар идораҳои давлатӣ шомил ҳастанд.