КМИР нигарониҳо аз густариши вируси корона дар рӯзи интихоботро беасос хонд

Комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кард, ки дар шароити густариши вируси корона интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябр дар ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ баргузор хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Мақомоти Комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон шароит барои баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо мурооти тавсияҳои беҳдоштӣ фароҳам буда ва баъзе нигарониҳо дар бораи эҳтимоли олуда шудани афрод дар ин рӯз беасос аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи Топ Тҷ.

Панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот имзоҳои зарурӣ ҷамъ карданд

Ҳамчунин дар тамомии 68 ҳавзаи антохобӣ ва 3 ҳазору 375 маҳали раъйгирӣ, риояти фосилаи аҷтимоӣ, доштани ниқоб ва дасткаш, зиддиуфунӣ кардани васоил ва таҷҳизот илзомӣ аст.

Дар Тоҷикистон 4 миллиону 900 ҳазору 545 нафар воҷиди шароити раъй додан дар ин интихобот ҳастанд.

Аз сӯи дигар Бахтигул Қориева, намояндаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бар зарурати ҳузури пизишкон дар рӯзи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст.

Вай ҳамчунин санҷиши таб ҳар раъйдиҳанда ҳангоми вурӯд ба маҳалҳои раъйгириро хостор шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демокротӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.