Фарҳангиёни Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд

Меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ду шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон - Хуҷанд ва Душанбе боздид хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Сафари намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳангии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз 26 то 28 сентябр дар назар аст.

Меҳмонони Ӯзбекистон 26 сентябр аз ёдгориҳои бостонии "Қалъаи Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва Хона—музейи Камоли Хуҷандӣ боздид менамоянд.

Марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон кай боз мешавад?

Хабаргузории "Ховар" бо такя ба ба Вазорати фарҳанг навиштааст, ки аҳли илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон 27 сентябр  дар Душанбе  аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид менамоянд. Сипас дар ин макон мизи мудаввар бо иштироки ҳайатҳои намондагони доираи илму адаб ва фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зери унвони “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо” доир мегардад.

Инчунин дар ин рӯз меҳмонон аз "Кохи Наврӯз", Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн дидан менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки  аз 10 то 14 октябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки мақсади он мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд.

Инчунин аз 11 то 15 ноябри соли 2019  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардиданд.

Ҳамчунин моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии муштараки «Шоми дӯстӣ» бо иштироки устодони санъати ҳарду мамлакат баргузор гардида буд.