Дағалӣ накард: сафорати Тоҷикистон қазияи лат шудани намояндаашро шарҳ дод

Рӯзи 24 - уми сентябр шаҳрванди 38 - солаи Тоҷикистон дар назди бинои сафорати ин кишвар дар Русия ду нафарро мавриди латукӯб қарор дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Зимнан аксар расонаҳои дохиливу хориҷӣ хабар доданд, ки сокини 38 - солаи ВМКБ барои дағалгуфтории намояндаи сафорат, ӯро латукӯб карда, дасту бинияшро шикаст.

Сафорати Қирғизистон дар Русия кумак хост: қирғизҳо ба бино ва кормандон он ҳамла мекунанд

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26 - уми сентябр дар сафҳаи торномаи сафорат қазияи лат шудани мутахассиси пешбарашонро шарҳ доданд.

Ҷанҷол дар сафорат: муҳоҷири бекормонда бинию ангушти дипломати тоҷикро шикаст

Бар хабари котиботи сафорати мазкур, нофаҳмӣ сари ба рӯйихат даровардани шаҳрвандони хоҳишманди сафар ба Тоҷикистон, бархост.

"Аз ҷониби намояндаи сафорат ягон дағалгуфторӣ сурат нагирифт", - таъкид мешавад дар хабар.

Намояндагони сафорати Тоҷикистон аз пахши хабарҳои носаҳеҳи расонаҳои дохиливу хориҷӣ изҳори нигаронӣ намуда, дархост карданд, ки минбаъд дар нашри хабарҳои вобаста ба масоили баргаштани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан, эҳтиёткор бошанд ва танҳо маълумотҳои саҳеҳро пахш намоянд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико сафар ба Тоҷикистонро хатарнок хонд

Ёдовар мешавем, рӯзи 24 сентябр ба идораи милисаи Пресненский хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои сафорати ин кишвар дар тангкӯчаи Гранатнийи шаҳри Маскав ду нафарро латукӯб кард.

Нисбати нафари муттаҳам дар ҳамла ба кормандони сафорат, барои нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ба ҷабрдида кумаки тиббӣ расонда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир ба далели адами парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия талабот ба чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ зиёд шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нархҳои гарони  ин чиптаҳо ва ҷой доштани ҳолатҳои қаллобӣ зимни фурӯши онҳо шикоят карда буданд.