Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Беш аз 100 нафар дар ноҳияи Восеъ бо илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст

Дар ноҳияи Восеъ баҳри пешгирии  бемории COVID - 19 аз ҳисоби кормандони  соҳаи тандурустӣ  дар ҷамоатҳо,  шаҳрак  ва деҳоти ноҳия,  8 гурӯҳи корӣ  фаъолият мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Ба  иттилои масъулини мақомоти ноҳияи Восеъ, баҳри пешгирии бемории мазкур, 8 гурӯҳи корӣ  фаъолият  намуда истодаанд, ки 24 соат ба аҳолӣ  хизмати тиббӣ расонида, бо усули "хона ба хона"  ба сокинон оид ба паҳншавии бемории коронавирус ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

"Шӯхӣ нест"! Нигаронии Собянин аз вахим шудани вазъи коронавирус дар Маскав

Дар ин раванд шахсони  ҳарорати баланддошта  муайян карда шуда, баъди ташхиси рентгенӣ дар ҳуҷраи  изолятсионӣ  аз муоина гузаронида мешаванд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

"Аз шумораи умумии  нафарони  муоинашуда 102 нафар  бо гумони бемории  илтиҳоби шуш (пневмания)  дар беморхонаи № 5-и деҳаи Охҷари Ҷамоати ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бистарӣ карда шуданд, ки аз онҳо 95 нафарашон шифо ёфта, зери назорати табибон қарор доранд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҷиҳати  пешгирии бемории мазкур  то имрӯз  дар кӯчаю хиёбонҳои 66 деҳаи ҷамоатҳои деҳот ва 30 кӯчаи ҷамоати шаҳраки Ҳулбук корҳои безараргардонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Инчунин ташкилоту муассисаҳо, бозорҳо,  масҷидҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар нуктаҳои хизматрасонӣ зиёда аз 2-3 маротиба безарар гардонида шуданд.

Аз тарафи гурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия ҷиҳати  пешгирӣ аз  ин бемории сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда,  ба оилаҳои ҳар хоҷагӣ огоҳнома дастрас карда шудааст.