Тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи раиси Бадахшон: Улфатшоев вазифаи нав гирифт

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор дар ҳайати дастгоҳаш тағйироти кадрӣ гузаронд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Бо қарори Файзов Ёдгор раиси ВМКБ, Улфатшоев Ҷангибек Мирзоевич аз вазифаи ишғолкардаи худ канор рафт.

Дар Бадахшон ба муаллимону табибон хона доданд

Номбурда дар асоси қарори раиси вилоят, аз вазифаи сармутахассиси бахши иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ озод гардид.

Раҳмон гуфт, на ҳамеша аз рӯи ахбори пешниҳодшуда ба ӯ кор мекунад-видео

Бар хабари котиботи раиси ин вилоят, Улфатшоев Ҷангибек дар асоси қарори раис ба мансаби муовини сардори Раëсати маориф таъйин карда шуд.

"Дар мақоми нав, Улфатшоев аз санаи 25 - уми сентябр ба ифои вазифа шурӯъ мекунад", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, Улфатшоев Ҷангибек давоми 9 сол дар дастгоҳи раиси вилоят ба вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, аз соли 2007 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.