Хонаашро ба фоҳишахона табдил доду мукофотпулӣ гирифт: боздошти зани ҷавон дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, як занро бо гумони ташкили фоҳишахона боздошт кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда сокини 30 солаи пойтахт буда, зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст.

Ошкоршавии ташкили ду фоҳишахона, яке дар деҳа дар Суғд - шарҳи ВКД

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 23-юми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 19:00, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, ба ҷавони 24 ва зани 27-солаи сокинони пойтахт додааст.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда барои ин хидматаш аз онҳо ба маблағи 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, қаблан кормандони вазорат ду сокини шаҳри Конибодом як зан ва як мардро бо чунин ҷурм боздошт карда буданд.

Гуфта мешавад, боздоштшудаҳо, ҷавони 24 сола дар шаҳр ва зани 44 сола дар яке аз деҳаҳои шаҳри Конибодом фоҳихона ташкил карда, ба ивази хадамоташон аз 300 то 400 сомонӣ гирифтаанд.