ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ ин нуктаро зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум изҳор доштааст.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват кард, ки барои ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оила барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасбз саҳмгузор бошанд.
Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон шаҳрдори Душанбе таваҷҷуҳи масъулини бахшҳои дахлдори шаҳрдориро ба вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо ҷалб намуда, барои сари вақт баровардани партову хазонҳо, таъмини нақшаи шинонидани дарахту гулҳои зимистона, иваз намудани дарахтони хушкшуда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани фаввораю курсиҳои боғҳо дастурҳои мушахахас дод.
“Аз роҳбарони сохторҳои дахлдор талаб карда шуд, ки ҷиҳати ба инфрасохтори шаҳр мутобиқ намудани тамоми иншоот ва муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе воридшуда ва амалӣ кардани корҳо барои омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурии саривақтиро татбиқ намоянд”,-афзудааст, манбаъ.
Ҳамзамон дар ҷаласа Рустами Эмомалӣ, ба масъалаи хизматрасониҳои нақлиёт ва гузариш ба низоми пардохти эллектронӣ барои воситаҳои нақлиёт дахл карда ба масъулин дар ин самт супориш додааст.