ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Шабонарӯзи ахир дар Ҷумҳурии исломии Эрон 3521 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад сухангӯйи Вазорати дармон ва омӯзиши пизишкии ин кишвар.
Ба иттилои Симо Содот Лорӣ, дар як рӯзи охир дасти кам 175 мариз ҷон бохтанд.
Ба ҳамин минвол, дар Эрон шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 436 319 нафар расидааст. Ҳамчунин аз замони авҷ гирифтани ин маризӣ, 25 015 нафар қурбон шуданд.
Олимони туркӣ мегӯянд, коронавирус метавонад саратони мағзи сар ба вуҷуд орад
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 367 829 нафар аз беморон беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Қобили зикр аст, ки дар тъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 32 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 982 ҳазор нафари ҷони худро аз даст доданду беш аз 23 миллион нафара ҳам беҳбуд ёфтаанд.