Аҳмадзода ба аёдати Ҷӯраев рафт

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар доираи сафараш ба шаҳри Конибодом аз ҳоли Каримҷон Ҷӯраев, собиқадори бахши кишоварзӣ хабар гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Аҳмадзода дар охири сафари корӣ ба шаҳри Конибодом, собиқадори соҳаи кишоварзӣ, сокини Ҷамоати деҳоти Пӯлотон, Каримҷон Ҷӯраевро аёдат кард.

Ҷанҷол дар сафорат: муҳоҷири бекормонда бинию ангушти дипломати тоҷикро шикаст

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, Каримҷон Ҷўраев 27 августи соли 1947 дар деҳаи Пӯлотони шаҳри Конибодом дар оилаи деқон таваллуд шудааст.

Ӯ соли 1969 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур)-ро бо ихтисоси олим-агроном хатм намудааст.

"Мавсуф аз соли 1969 то соли 2010 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ фаъолият бурдааст. Аз ҷумла дар колхози Москва (ҳозира ҶСШК ба номи Э.Бойматова) 18 сол ҳамчун агроном фаъолият бурдааст. Аз соли 1997 то соли 2007 дар вазифаи сардори раёсати кишоварзии шаҳр кор ва фаъолият дошт", - омадааст дар ҳолнома.

Манбаъ таъкид кард, ки Ҷӯраев барои барои хизматҳояш соли 1998 бо медали "Хизмати шоиста" ва соли 2004 бо унвони "Корманди шоистаи Тоҷикистон" сарфароз гардонида шудааст.