Тоҷикистон раёсати ҷаласаи МҲТЭ-ро ба Қазоқистон супорид

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ доир ба фаъолияти дусолаи раёсати Тоҷикистон, авлавиятҳо ва дастовардҳо дар доираи Машварат ба иштирокдорони ҷаласа маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи махсуси вазирони корҳои хориҷии узви узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (МҲТЭ) иштирок кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. 

Баргузории нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД

Бино бар иттилои манбаъ, ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷаласаи махсус ба ҳайси раис иштирок ва суханронӣ кардааст.

"Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ доир ба фаъолияти дусолаи раёсати Тоҷикистон, авлавиятҳо ва дастовардҳо дар доираи Машварат ба иштирокдорони ҷаласа маълумоти муфассал пешниҳод кард", - менависад манбаъ.

Зимнан Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба муносибати анҷом ёфтани давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МҲТЭ ба кишварҳои узв барои дастгирӣ ва иштироки фаъолашон дар чорабиниҳо тайи ду сол изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар оянда низ Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ин ниҳод бо кишварҳои узв ҳамкории гуногунҷанбаро идома хоҳад дод.

Натиҷаҳои нишасти вазирон: Сироҷиддин Муҳриддин аз чӣ гуфт?

Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиёро аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи сентябри соли 2020 ба уҳда дошта, дар ҷаласа раёсати ин ниҳодро барои давраи оянда ба Ҷумҳурии Қазоқистон супорид.