200 ҳазор марг аз COVID дар Амрико: аксҳо аз як иқдоми ғайриоддии поси хотири қурбониён

Sputnik

Фаъолони лоиҳаи COVID Memorial Project ба ёди қурбониёни пандемия иқдоми ғайриоддӣ баргузор карданд. Онҳо дар хиёбони миллии Вашингтон ҳазорон парчамҳои хурди кишварашонро насб карданд.

Новый Посол США Джон Марк Поммершайм
Амрико барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор доллар медиҳад - навор

Омории расмӣ аз фавти маризони коронавирусро Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс дар асоси маълумоти мақомоти давлатӣ мунташир намуд. Бар тибқи маълумотҳои ин донишгоҳ, аз ҳама беш фавт аз коронавирус дар шаҳрҳои Ню-Йорк (33.092), Ню-Ҷерсӣ (16.069) ва Техас (15.132) ба қайд гирифта шудааст.

Пешгӯии Трамп амалӣ мешавад? фавти 865 маризи коронавирус дар Амрико давоми як шабонарӯз

Мутобиқи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC), зиёда аз 70 фоизи қурбониёни вирус аз 65 - солаболо мебошанд.

Ба гуфтаи коршиносон, рақамҳои воқеӣ метавонанд аз ин ҳам баландтар бошанд.

Донишкадаи тандурустии Донишгоҳи Вашингтон пешгӯӣ мекунад, ки шумораи кушташудагон аз коронавирус дар ИМА то охири сол ба 378 000 нафар мерасад.