Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҳушдори Абдулло Давлатов аз авҷи коронавирус: ба умеди ваксина нашавед

Абдулло Давлатов пизишки тоҷики муқими Маскав мегӯяд, ба умеди ваксина алайҳи коронавирус набояд шуд, зеро то ҳол доруи маҳвкунандаи ин вирус мавҷуд нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Абдулло Давлатов пизишки тоҷик, ки солҳо дар Русия ба сар мебарад, дар сафҳаи Фейсбукии худ аз афзоиши мавориди гирифторшавӣ ба вируси COVID - 19  дар Русия ва алалхусус дар шаҳри Маскав изҳори нигаронӣ намудааст.

Афзоиши мавориди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: 42 ҳолати ҷадид

Давлатов мегӯяд, пешгӯии мутахассисон бобати он ки, бо фаро расидани фасли сармо, ин маризӣ аз сар авҷ мегирад, дуруст баромад.

Ба маълумоти ӯ, ҳоло дар аксар кишварҳои ҷаҳон шиддат гирифтани маризии коронавирус ба назар  мерасад. Пизишки тоҷик дар зиёд шудани ҳолатҳои ҷадиди гирифторшавӣ, худи шаҳрвандонро гунаҳгор  медонад.

Коршиноси рус гуфт, ки оё ба Тоҷикистон мавҷи дувуми коронавирус таҳдид мекунад

Мавсуф аз ҳамагон даъват ба амал овардааст, ки "барои ҳифзи саломатии ҷони худу наздикон ҳатман аз чораҳои пешгирикунанда бояд истифода кард".

Ба боварии Давлатов, одамон набояд ба умеди ваксина шаванд, зеро то ҳол доруи муассир ва маҳвкунандаи ин маризӣ мавҷуд нест.

"Набояд ба масунияти сарҷаъмӣ ва ё ваксину доруҳои арзи вуҷуд надошта умед бандем", - изҳор доштааст табиби тоҷик.

Давлатов ягона роҳи наҷот аз ин маризиро дар риояи чораҳои пешгирикунанда аз қабили пӯшидани ниқобу дастпӯш ва риояи фосилаи иҷтимоӣ, мебинад.

Бояд гуфт, ки чанд рӯзи ахир дар Русия шумораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ҳамарӯза беш аз 6 ҳазор ҳолати нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта мешавад.

Дар Русия дору алайҳи коронавирус ба дорухонаҳо роҳ ёфт: нархи он беш аз 12 ҳазор рубл

Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон низ ҳолатҳои мубталошавии шаҳрвандон андаке зиёд гардидааст. Агар авоили моҳи ҷорӣ шумораи мавридҳои нав 30 - 35 ҳолатро дарбар мегирифт, ҳоло шабонарӯзӣ аз 40 то 45 нафар тоза ба ин дард гирифтор мешаванд.