“Экстремизми иттилоотӣ”: вокуниши ВКД ба хабари ҳамлаи ниқобпӯшон ба хонаи Ёқуб Салимов

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари расонаҳо дар бораи ҳамлаи як гуруҳи ниқобпӯш ба манзили Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилиро рад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин робита ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ ҳамлае ба хонаи Ёқуб Салимов анҷом нашудааст ва ин хабар аз реша сиҳат надорад.

Вай гуфт, дар ин бора ягон шикоят ё аризае ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид нашудааст.

“Ҳоло ҳеҷ гуруҳе дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки суботи ҷомеаро барҳам занад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қудрати кофии ҳимоят аз ҳар шаҳрванд ва моликияти ӯро доранд. Ҳар ҷиноят дар ин замина зуд пайгирӣ ва ошкор мешавад. Онҳое, ки бо пахши чунин ахбор мехоҳанд афкори умумии ҷомеаро безобита кунанд, даст ба экстремизми иттилоотӣ мезананд ва ин ҷиноят аст”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки 18 августи соли равон 12 - 13 нафар ниқобпӯш бо ду микроавтубуси берақам ба хонаи Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, воқеъ дар минтақаи “Водонасос” – и шаҳри Душанбе ҳамла бурда, бо битаҳо шишаҳои мошини Ренҷ-Роверашро шикаста ва писари ӯ - Абубакр Салимовро шадидан латукӯб кардаанд, ки дар натиҷа мавсуф ба бемористон интиқол дода шудааст.

Ёқуб Салимов: соҳиби ду фарзанди нозанин шудам

Абӯбакр Салимов, писари Ёқуб Салимов, бо пахши як изҳорот дар сафҳаи фейсбукаш ин хабарро маҳсули хаёлоти муаллиф ва “тӯҳмату гапҳои дурӯғ” нисбати хонаводааашон, бавежа падараш Ёқуб Салимов ва шахси худаш хондааст.

“Ба хонаи мо дар санаи 18 август ягон хел ҳамла нашудааст. Дуруст аст, ки мо дар маҳаллаи Водонасос зиндагӣ мекунем, аммо он рӯз чун рӯзҳои дигар тинҷу ором ва осуда будем”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Мавсуф ҳамлаи ашхоси ниқобпӯш ва ба хонаашон даромада шикастани шишаҳои мошини Ренҷ-Роверро низ рад карда, гуфтааст, ки хонаводаи онҳо чунин тамғаи автомашинаро надорад. Вай гуфтааст, касе ӯро латукӯб накардааст ва ӯ ба беморхона низ наафтодааст.

“Аз номи падар ва тамоми аъзои оилаамон ба кулли хамватанон мерасонам, ки шукри тинҷиву амонии Ватани азизамон мекунем. Чунин ходиса бо оилаи мо рух надодааст ва чизе ки хондаед, бофтаҳои нафарони иғвоангез мебошад”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Ёқуб Салимов, яке аз чеҳраҳои маъруфи замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки як муддат вазири корҳои дохилӣ (1993-1995) ва сафири ин кишвар дар Туркия (1995-1996) буд. Ӯ соли 1997 бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ таҳти пайгарди қонун қарор гирифт. Соли 2003 дар шаҳри Маскави Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Моҳи апрели соли 2005 ӯ барои 15 сол равонаи зиндон гашт ва моҳи июни соли 2016 ба озодӣ баромад. Ҳоло дар манзилаш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.