Боздошти Миҷгона Умар, котиби суд барои "вазифафурӯшӣ"

Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ, боздоштшуда Музаффарзода Миҷгона Умар дар вазифаи котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе кор карда истода, даст ба порагирӣ задааст.

Пул деҳ ҷазоятро сабуктар мекунам: боздошти судя бо 30000 сомонӣ пора

Ба иттилои манбаъ, номбурда моҳи декабри соли 2019 аз шаҳрванд Солеҳзода М.Д. барои мусоидат кардан дар таъин гардидани ӯ ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ аз охирин маблағи 5000 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 25000 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимондаи онро талаб намуд.

“Минбаъд Музаффарзода М.У. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, санаи 15 январи соли 2020 аз Солеҳзода М.Д. ба ҷойи маблағи боқимондаи талабнамудааш як автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” соли бароришаш 2001-ро бо роҳи қаллобӣ гирифта тасарруф намуда, ба охирин зарари калони моддӣ расонид”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, айни ҳол нисбати Музаффарзода М.У. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.