ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 1-6 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-12 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Борон намеборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 18 +23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.