Ду-се моҳи беморӣ ва инсулт: ҳамсари Лоиқ ба "дидор"-и Лоиқ рафт

Зебуннисо Қутбиддинова, ҳамсари Лоиқ Шералӣ, субҳи имрӯз, 22 сентябр, дар синни 71-солагӣ олами фониро падруд гуфт
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ромиш Шералӣ, писари Лоиқ Шералӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, модараш ду – се моҳи ахир аз маризӣ азият кашида, ҳатто як бор инсултро низ паси сар карданд ва шифо ёфтанд.

“Аммо ин хурсандии мо дер давом накард. Тақрибан 15 рӯзи пеш фишорашон баланд рафт ва он касро ба Шифохонаи Ибни Синои шаҳри Душанбе овардем. Ин субҳ даргузаштанд”, - гуфт Ромиш Шералӣ.

Сӯҳбати ҳамсари Лоиқ: аз марде, ки бештар аз ӯ касе намешинохт

Зебуннисо Қутбиддинова соли 1949 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, соли 1966 пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1967 риштаи умри худро бо Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон пайвастааст.

Ҳосили ин издивоҷ се писару ду духтар мебошад. Марҳум то охири умр дар мактаби рақами 54 – и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Душанбе омӯзгор буд.

Ҳамзамон осорхонаи Лоиқ Шералӣ дар ин мактаб бунёд шуд, ки масъулияташро ӯ бар дӯш дошт.

Сӯҳбати ҳамсари Лоиқ: аз ошиқиву гиряҳову нафаси охирини шоир то мисрае, ки чоп нашуд

Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон 30 июни соли 2000 дар синни 59-солагӣ аз сактаи мағзӣ оламро тарк кард. Ӯ аз камтарин шоирони муосири тоҷик аст, ки на фақат дар Тоҷикистон, балки форсизабонони ҷаҳон ҳаводорони зиёд дорад ва ашъораш ба даҳҳо забони хориҷӣ тарҷума шудаанд.

Яке аз охирин ғазалҳои ӯ ба номи “Рафтам ман аз бари ту, дидор дар қиёмат” унвон дошт, ки ба ҳамсараш бахшида шуда буд.

Як дӯсти хонавода дар таъзияномааш ба марги Зебуннисо Қутбиддинова чунин навишт: “Ин марг нест... Ӯ ба дидори ёри қиёматии худ рафт!”

Ҷанозаи Зебуннисо Қутбиддинова дар қабристони Сарманзили шаҳри Панҷакент пас аз намози пешин баргузор мешавад.