ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, аз ин маблағ 268 ҳазор доллар барои таъмини манобеи энержии мавриди ниёзи ширкатҳои хусусии хадамоти гардишгарӣ ва 1032 000 доллар низ барои тақвияти таъсисоти хадамот ба ҷаҳонгардон дар тарҳи гардишгарӣ дар масири “Роҳи абрешим” масраф хоҳад шуд.
Қарор аст ин кумаки молӣ то соли 2023 барои рушди сайёҳӣ дар ин се кишвари Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар гузориши дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе таъкид шуда аст, ки ширкатҳои хусусии кумитаи сайёҳии Тоҷикистон ин кумаки молиро барои рушди тиҷорат, фаъолияти коргоҳҳои кучаки тавлиди саноати дастӣ, коҳиши вобастагӣ ба истифода аз ангиштсанг ба манзури гарм кардани меҳмонхонаҳо ва маконҳои истиқрори гардишгарони хориҷӣ бар асоси тарҳҳои пешниҳодшуда сарф хоҳанд кард.
Ҳамзамон дар ин гузориш гуфта шудааст, ки таи солҳои 2017 то 2019 вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ду баробар афзоиш ёфта аст, ки зарурати тавсеъа ва беҳбуди зерсохтҳои хадамоти ширкатҳои фаъол дар ин бахшро матраҳ мекунад.