Кумаки навбатии Ожонси Оқохон ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID -19 - навор

Ожонси Оқохон дар Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, кумаки навбатӣ дар мубориза бо маризии сироятии коронавирус таслим намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз Ожонси Оқохон оид ба Зистгоҳ доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба хотири мубориза алайҳи маризии коронавирус дастрас намуд.

Бар хабари котиботи кумитаи мазкур, дар ин маросим Рустам Назарзода раиси КҲФ ва сарвари Ожонси Оқохон оид ба Зистгоҳ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат карданд. 

Кумаки ироакардаи Ожонси Оқохон аз доруворӣ, корҷомаҳои махсуси бисёркарата, мӯзаҳои резинӣ, айнакҳои ҳифозатӣ, ниқобҳо, сӯзандоруҳо, дастпӯшҳо, дастгоҳҳои набзсанҷӣ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, антисептикҳо, воситаҳои уфунатзудоӣ, ки барои мубориза бо КОВИД-19 самароварданд, ирорат мебошад.

Коршиноси рус гуфт, ки оё ба Тоҷикистон мавҷи дувуми коронавирус таҳдид мекунад

Таъкид гардид, ки кумаки мазкур барои табобати ҳайати шахсии КҲФ дар сурати мубтало шудани онҳо ба маризии коронавирус равона гардидаст.

Гузашта аз ин, Ожонси Оқохон оид ба Зистгоҳ  як мошини тамғаи "Ниссан" - ро, ки мутааллиқ ба КҲФ буд, пурра таъмир карда, дар ихтиёри кумитаи мазкур гузошт.