Сангзанӣ дар Хоруғ баъди футбол: ВУД теъдоди маҷруҳон ва иншооти осебдидаро гуфт

Пост БДА в Хороге, архивное фото
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия сангзанӣ дар шаҳри Хоруғро шарҳ додааст, ки дар пайи он беш аз 20 нафар ҷароҳат бардоштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 19 сентябри соли 2020, соати 19:00 дар майдончаи варзишии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2, воқеъ дар маҳаллаи "Гулакен"-и шаҳри Хоруғ байни дастаҳои маҳаллаҳои "Гулакен" ва "Хоруғи боло"-и шаҳри Хоруғ бозии нимфиналии футбол баргузор гардид.

Пирӯзии “Гурги куҳӣ” аз Тоҷикистон дар Дубай бар Нуриддин Самир-видео

Манбаъ афзуд, ки баъди ба анҷом расидани бозӣ соати 20:00 байни мухлисони маҳаллаҳои Гулакен ва Хоруғи боло муноқишаи гурӯҳӣ ба амал омад.

"Дар натиҷаи сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 20 адад шишаҳои тирезаи МТМУ №2 дар шаҳри Хоруғ, 7 шишаҳои хонаҳои истиқоматӣ, 6 адад автомашинаи шаҳрвандон зарари техникӣ бардошта, 6 адад тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 шишаҳои тирезаи бинои БДА "Амонатбонк" шикаста шудааст", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид кард, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати гурӯҳи авбошон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. ВУД афзудааст, ки чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои ҷустуҷӯ намудани гунаҳкорон гузаронида шуда истодааст.

Феълан назари худи иштирокдорони қазия маълум нест.