Пулгирӣ тариқи эълонҳои бардурӯғ дар сомон.тҷ: боздошти Ғоибназаровҳо-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти хоҳару бародар хабар додааст, ки дар сомонаи харидуфурӯши молу хизматрасонӣ – somon.tj ба фиребкорӣ машғул будаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раёсати кофтукоби ҷиноии ВУД Тоҷикистон аз дастгир шудани Ғоибназаров Ҷаҳонгири 29-сола ва хоҳарбузургаш -  Наргис Ғоибназароваи 39-сола хабар дод.

Дар кӯдакон зукомро аз коронавирус чӣ гуна фарқ кард? шарҳи пизишки бритонӣ

Ба иттилои манбаъ, дастгиршудагон ба қаллобӣ тариқи шабакаи интернетӣ машғул будаанд.

Манбаъ афзуд, ки муттаҳамон бо нашри эълонҳои бардурӯғ дар саҳифаи интернетии сомон.тҷ, ки гӯиё скутер, автомобил ва дучарха мефурӯшанд, мизоҷонро фиреб медодаанд.

Хотироти Раҳмон аз Раббонӣ, додани ҳукумат, музокироти Давҳа ва ибрат аз тоҷикон-видео

ВУД тавзеҳ дод, ки Ғоибназаровҳо аз ду нафар тариқи ҳамёни электронӣ маблағҳои 1600-1700 сомониро гирифта, бо хомӯш кардани телефонашон дигар ба онҳо посух надодаанд.

Дар пайи боздошт маълум шудааст, ки ин афрод дар 10 ҳолати фиребкорӣ даст дошта, зарари расондаашон беш аз 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҷаҳонгир дар гузориши ВУД мегӯяд, тариқи ҳамёни электронӣ то 60 фоизи пулро аз харидорони ҷабрдида пешакӣ мегирифтааст ва ба ҳамин восита онҳоро фиреб медодааст. Назари бевоситаи Ғоибназаровҳо дар бораи ин қазия маълум нест.

ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳолатҳо идома дорад.