ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар бораи даргузашти Солиев, ки тайи солҳои охир мудири кафедраи кимиёи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд, сомонаи расмии ин муассиса хабар додааст.
Солиев 79 сол дошт. Феълан дар бораи сабаби даргузашташ чизе маълум нест. Ӯ чанд ҳафта қабл аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуда буд.
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки “бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бо Амри Президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардид”.
Бар асоси донишномаи озод, Лутфулло Солиев, кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ буд. Ӯ соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ, собиқ ноҳияи Ленин таваллуд шуда, солҳои 1959–1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст.
“Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултети химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд”, - омадааст дар ҳолномаи Солиев дар донишномаи озод.
Ӯ аз соли 2007 то дами марг ба ҳайси мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. Шогирдону ҳамкорон ӯро ҳамчун омӯзгори ҳалим, олими пуркор пухтакор ва хоксор ёд мекунанд.