Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар кӯдакон зукомро аз коронавирус чӣ гуна фарқ кард? шарҳи пизишки бритонӣ

Эпидемиологи бритонӣ мегӯяд, дар сурати пайдо шудани нишонаҳои зуком дар кӯдакон, волидон набояд ҳаросанд. Зеро зуком ин маризии коронавирус нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Профессори Коллеҷи Шоҳигарии Лондон Тим Спектор изҳор доштааст, ки бемуболиға нишонаҳои шамолхӯрии оддӣ ва маризии коронавирус ҳамшабеҳ ҳастанд, вале ҳамоно хусусиятҳои фарқкунанда низ доранд.

Макони озод аз вируси корона: деҳаи Шинг – як марзи мустаҳкам аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Эпидемиологи бритонӣ ба волидоне, ки фарзандонашон андаке шамол хӯрда, нишонаҳои зуком дар онҳо пайдо мешавад, муроҷиат намуда мегӯяд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ наҳаросанд.

"Зеро маъмултарин нишонаҳои маризии коронавирус миёни кӯдакон ин тасфи баланд, сардардӣ ва бемадорӣ мебошад", - афзудааст мутахассиси бритонӣ.

Ба гуфтаи Спектор, дар одамони калонсол ин маризӣ бо нишонаҳои табларза, аз ҳад зиёд бемадорӣ ва гум кардани қувваи шомма зуҳур мекунад.

Коронавирус 150 миллион кӯдакро ба ҷамъи фақирҳои дунё изофа кард

Эпидемиолог ҳамчунин таъкид намуд, ки дар бадани кӯдакони гирифтори маризии коронавирус, доначаҳо пайдо мешаванд.

Тим Спектор мегӯяд, волидон дар ҳар сурат набояд ба воҳима дода шаванд, вале аз эҳтиёт ҳам бояд кор бигиранд.

Бар тибқи маслиҳати ӯ, дар сурати пайдо шудани яке аз нишонаҳои зикршуда дар кӯдакон, онҳоро фавран бояд аз дигарон ҷудо кард ва зуд ба кумаки табибон шитофт.

 

Эпидемиолог таъкид мекунад, ки "ба ҳеҷ ваҷҳ ба худдавоӣ машғул нашавед, зеро оқибати нохуб метавонад ба бор орад".