ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ширин Исматуллозода, муовини сарвазири Тоҷикистон бо сокинони дар Кӯшониён мулоқот кардаст.
Тавре расонаҳои расмии кишвар хабар медиҳанд, имрӯз таҳти роҳбарии муовини Ширин Исматуллозода ва ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо сокинони маҳаллӣ мулоқот доир гардид.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот доир ба пешгирӣ аз амалҳои номатлуб дар ҷомеа, нишон додани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, тақвият додани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини волоияти қонун ва масоили дигари мубрам мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.
Эрон хабар дод, ки ваксини зидди коронавирусаш озмоиш мешавад
Дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура, роҳбарони ташкилоти вилоятӣ ва фаъолони ноҳияи Кӯшониён иштирок намуданд.