Ширкати Президент дар маъракаи пахтачинӣ дар Ҳисор

Дар рафти сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳисор дар маъракаи ҷамъоварии пахта ва кишти тирамоҳии ғалладона ширкат кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи пахтачинӣ дар Ҳисор иштирок кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

"Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов дар маъракаи ҷамъоварии пахта ва кишти тирамоҳии ғалладона иштирок кард", - менависад манбаъ.
Раҳмон ба кишти такрории гандуми оварда аз Русия оғоз бахшид

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими ҷорӣ хоҷагидорони ин Кооператив бо роҳандозии тадбирҳои иловагии коркарди агротехникии зироат, истифодаи тухмиҳои хушсифати маҳалливу хориҷӣ ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самти ҷамъоварии ҳосили пахта ноил хоҳанд шуд.

Зеро ба тахмини хоҷагидорон, соли равон аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна тахминан бештар аз 35-сентнерӣ ҳосил ба даст хоҳанд овард.

Хоҷагии мазкур серсоҳа буда, дорои 1147 гектар замини корами обӣ ва лалмӣ мебошад. Имсол аз масоҳати умумии заминҳои дар ихтиёрдошта, хоҷагидорон дар масоҳати 250 гектари он навъҳои пунбадонаи “Дӯстӣ”, “Флеш”, “Флора” ва “Хуҷанд-67” кишт карданд.

Ба иттилои мутахассисон, боду ҳаво ва заминҳои серҳосили ин минтақа барои парвариши ин навъҳои пахта мувофиқу муносиб буда, ҳосили дилхоҳ ба даст меояд.

Президент роҳбарияти хоҷагиро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намуда, таъкид карданд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда шавад.

 Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар маъракаи кишти тирамоҳии зироат иштирок кардааст.

“Бисёр вазнин мешавад”: Раҳмон мақсади сафарҳояш дар даври "короно"-ро гуфт-видео

Дар ҳамин рӯз дар майдони бештар аз 32 гектар замине, ки аз ҳосили кишти асосиву такрорӣ холӣ шуда буд, кишти тирамоҳии гандум гузаронида шуд.