ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кормандони РВУД дар шаҳри Душанбе дар асоси наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад, чаҳор нафар ҷавонмард - қаҳрамонони ин наворро боздошт намуданд.
Бар хабари котиботи Раёсати умури дохилӣ дар пойтахт, навори мазкурро як нафар шоҳиди бевоситаи занозании ҷавонон дар мобайни роҳи мошингард, сабт намудааст.
Ҳодисаи мазкур санаи 5 - уми сентябр, дар чорроҳаи кӯчаҳои Маяковский ва С. Шерозии ноҳияи Сино рух додааст.
Манбаъ меафзояд, Нуров Муҳаммади 32 - сола ва Мадибоев Толибҷони 36 - сола дар чорроҳаи кӯчаҳои мазкур қавонини ҳаракат дар роҳро вайрон намуданд, ки ин амали онҳо боиси нигаронии мусофирони автомашинаи дигар гардид.
Маросими арӯсӣ ба занозанӣ ва хунрезӣ анҷомид - навор
Дар натиҷа, Миров Сафаралӣ ва Миров Эмомалӣ, ки зоҳиран хешу табор мебошанд, барои рух додани ҳолати садамавӣ бо ронандагони қонуншикан вориди муноқиша шуданд.
Ҷонибҳо дар мобайни роҳи автомобилгард ҳамдигарро шадидан латукӯб ва дашном дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуданд.
РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршудагон Нуров Муҳаммад, Мадибоев Толибҷон, Миров Сафаралӣ ва Миров Эмомалӣ бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Фълан ҳар чаҳор боздоштшуда дар маҳкамаи нигаҳдории муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.