Вазири Чин аз талошҳои инқилобҳои ранга, интихоботи Тоҷикистон ва мавқеи Пекин гуфт

Ван И, вазири умури хориҷии Чин, дар пайи ҷаласаи вазирони хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай, ба хабаргузории Синхуа мусоҳиба дод, ки дар он аз ҷумла аз талошҳо барои “инқилобҳои ранга”, дастгирии ҳамдигарии кишварҳои минтақа ва интихоботи Тоҷикистону Қирғизистон гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазири Чин гуфтааст, ки вақтҳои охир ҳолатҳои дахолати бархе бозингарони сиёсати хориҷӣ ба корҳои дохилии дигар кишварҳо ва таҳрик ба “инқилобҳои ранга” зиёд шуда истодаанд.

Занозании ронандаҳову мусофирон дар мобайни роҳ: боздошт ва ҳабс шуданд - навор

Ӯ дар суҳбат изҳор доштааст, ки барои ҳифзи яккатозияшон дар ҷаҳон ин нерӯҳо аз таҳрифи далелҳо, дурӯғи рӯирост истифода карда, ба ҳамин восита мехоҳанд дигар давлатҳо аз ҷумла Русия ва Чинро бадном созанд. Ван И ин иқдомро ҳамчун таҳрик ба “ҷанги сарди нав” арзёбӣ кардааст.

Ӯ таъкид намудааст, ки Чин дар ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ба се бахш аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Ба гуфтаи вазири чинӣ, нахуст ин муносибати муштарак ба масоили амниятӣ,  дуюм мубориза бо терроризми экстремизм, ҷудоихоҳӣ, нашъаҷаллобӣ ва бехатарии вертуалӣ мебошад.

Ван И: якҷоя зидди ҳар нерӯе, ки талоши дахолат мекунад

Дар мавриди бахши сеюм Ван И изҳор доштааст, ки бояд якҷоя бо нерӯҳое, ки бо ҳар баҳона қасди дахолат ба корҳои давлатҳои мустақилро доранд, мубориза бурд.  Ӯ аз ҷумла интихоботи қарибулвуқуъ дар Тоҷикистону Қирғизистонро зикр кардааст.

Номзадҳои курсии президентии Тоҷикистон шаҳодатнома гирифтанд

“Бисёр вазнин мешавад”: Раҳмон мақсади сафарҳояш дар даври "короно"-ро гуфт-видео

“Сеюм дастгирии қотеъонаи ҳамдигар дар роҳи интихобкардаи рушд, ки ба шароити миллӣ ва интихоби мустақилонаи халқ асос ёфтаанд. Ва бояд бо ҳар нафар ё нерӯе муқобилият кард, ки бо ҳар баҳона ба кори давлатҳои мустақил дахолат мекунад. Чин барои табодули таҷрибаи идора давлатӣ бо дигар кишварҳо барои таъмини амнияти сиёсии якдигар омода мебошад. Ҳамсояҳои дӯсте чун Тоҷикистону Қирғизистон ба наздикӣ маъракаҳои муҳими сиёсӣ доранд ва Чин дар ин бахш ба онҳо муваффақият таманно дорад”, - изҳор дошт Ван И.