Мақомоти Арабистони Саъудӣ Ҳаҷҷи умраро ба сурати маҳдуд иҷозат медиҳад

Мақомоти Арабистони Саъудӣ талош мекунанд маросими Ҳаҷҷи умраро ба сурати маҳдуд ва тадриҷӣ барои умрагузорон бозкушоӣ кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Пойгоҳи интернетии рӯзномаи расмии Аккози Арабистон эълом кард, ки ин кишвар ба дунболи бозкушоии тадриҷии Ҳаҷҷи умра аст,ки аз шаш моҳи қабл ба иллати густариши вируси корона дар ҷаҳон таълиқ шудааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Ба Каъба нарасед: ҳаҷ дар шароити пандемия чигуна аст? - 10 акс

Тибқи иттилои манбаъ, бар асоси тарҳе, ки Вазорати кишвари Арабистон ироа дода, умрагузорон ба сурати тадриҷӣ муҷаввизи ҳузур дар Масҷидул-Ҳаромро пайдо мекунанд ва дар марҳилаи аввал ба теъдоди маҳдуд метавонанд дар ин маросим ҳузур ёбанд.

Тарҳи бозгашти тадриҷии Ҳаҷҷи умра мубтанӣ бар сомондиҳии электронӣ аст, ки бар асоси он таърих ва соати адои фаризаи Ҳаҷҷ мушаххас мешавад ва умрагузор бояд гузориши пизишкӣ мубтанӣ бар саломат нисбат ба вируси коронаро дар ихтиёр дошта бошад.

Вазорати Ҳаҷчи Арабистони Саъудӣ дар рӯзҳои оянда ҷузиёт ва  шароити анҷоми Ҳаҷҷи умраро мунташир мекунад.

Арабистони Саъудӣ дар натиҷаи густариши вируси корона маҷбур ба таваққуфи Ҳаҷҷи умра шуд.