Хатлон 9 833 раиса дорад: кадом бахшҳоро роҳбарӣ мекунанд?

Мақомоти Хатлон мегӯянд, шумораи занҳои роҳбар дар вилоят тайи як соли охир 2617 нафар бештар шуда, ҳоло 9833 бону дар мақомҳои роҳбарикунанда фаъолият дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Котиботи дастгоҳи раиси Хатлон иттилоъ дод, ки 1 миллиону 661 ҳазору 675 нафар ё 49,6 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил медиҳанд.

Худкушии ду маъшуқ дар Намангон: волидон муқобили издивоҷи онҳо буданд

“Имрӯз аз ҳисоби онҳо 4 нафар вакили Маҷлиси намояндагон, 24 нафар вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 343 тан вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 нафар вакили маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Шумораи бонувони коргар дар вилоят ба 196 ҳазору 858 нафар мерасад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки аз 2570 хизматчиёни давлатӣ дар вилоят 463 нафар (18%)-ашон занон мебошанд.

“Аз ин теъдод 203 нафар (21%) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд. Дар 155 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 19 нафар занон ба ҳайси раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 50 нафар муовинони раисони ҷамоатҳо ва 31 нафар ҳамчун котиби ҷамоатҳои шаҳру деҳот фаъолият доранд”, - тавзеҳ дод котибот.

Ҳузури бонувон дар соҳаҳои маориф 23 ҳазору 144 нафар, тандурустӣ 23 ҳазору 717 нафар, фарҳанг 761 нафар, соҳибкорзанон 17 ҳазору 541 нафар, роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ 7 ҳазору 475 нафар, сохтмон ва меъморӣ 466 нафар, саноат 2 ҳазору 633 нафар, почта ва алоқа 201 нафар, коммуналӣ 777 нафар, бонкҳо 1 ҳазору 176 нафар, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи бонкӣ 38 нафар арзёбӣ шудааст.