ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир, гурӯҳи мутахассисон ба омӯзиши санадҳои пешниҳодшуда оғоз намуданд. Ба ҳайати ин гурӯҳ “Маркази тадқиқот ва санҷишҳо дар соҳаи тандурустӣ” ва дигар мутахассисони варзидаи соҳаи эпидемиологӣ ва бемориҳои сироятӣ шумол шудаанд.
Онҳо бояд “имконияти қабул кардани маълумоти саҳеҳро дар бораи самаранокӣ ва бехатарии” ин воксина, ҳамчунин паҳлуҳои ахлоқиро, ки бо озмоиш бастагӣ дорад, таҳқиқ кунанд.
“Тадқиқоти воксина бо истифодаи усули санҷиши кӯркӯрона сурат мегирад. Ин озмоиш як қисми таҳқиқоти бузурги воксинаи “Гам-КОВИД-Вак”, аст ки дар дохили Русия гузаронида мешавад”, - таъкид шудааст дар гузориши манбаъ.
Гуфта шудааст, ки дар санҷишҳои Белорус қариб сад довталаб иштирок хоҳад кард. Хоҳишмандон метавонанд дар сомонаҳои ҳашт ташкилотҳои Минску Витебск, ки ҳамчун макони таҳқиқотӣ интихоб шуданд дархостҳои худро равон кунанд.
Пеш аз ин Минск ва Маскав дар бораи иштироки Белорус дар марҳалаи сеюми санҷиши ваксинаи сохти Русия “Спутник V” ба тавофуқ расида буданд.
Дар марҳалаҳои аввали озмоиш, ин воксина миёни сад дарсад довталабон эмини сулулии устувор нишон дод ва ҳеҷ як таъсири номатлуб кашф нашуд. Ҳамчунин миқдори подтани (антитела) зидди вируси миёни эмшудагон ба 1,4-1,5 маротиба нисбат ба миқдори подтани сиҳатшудагон баландтар будааст.