ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Маблағгузории сохтмони НБО “Роғун” пурра таъмин хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста” дар истинод ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, пандемияи вируси корона дар ҷаҳон ба муҳлати сохтмони иншооти муҳими Тоҷикистон таъсир нахоҳад расонад.
Табрикоти Раҳмон бо ҷашни Истиқлол: сӯҳбат аз "Роғун", хоинон ва сипос аз хурду калон
Таъкид шудааст, ки дар ҳоли ҳозир, алакай 70 дарсади маблағҳои пешбинишуда дар соли равон, ҷудо карда шуд.
“Маблағгузории лоиҳаи сохтмони ишооти гидроэлектрикӣ идома дорад, дар ҳоли ҳозир 70 дарсади маблағҳои пешбинишуда дар соли равон алакай барои сохтмони Роғун равона шудааст”, таъкид шудааст дар иттилои манбаъ.
Ҳамин гуна, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2020 барои иҷрои лоиҳаи мазкур беш аз 1,3 миллиард сомонӣ равона шудааст. Ҳамагӣ барои иҷрои ин лоиҳа то охири сол бояд 2,1 миллиард сомонӣ (муодили 203,4 миллион доллар) равона гардад.
Гуфта шудааст, вобаста ба аҳамияти стратегӣ доштани ин лоиҳа, маблағгузории он новобаста аз пандемияи вируси корона, ки ба ҳаҷми даромади буҷаи кишвар таъсир гузоштааст, пурра иҷро хоҳад шуд.
Расонаҳо: коркунони "Роғун" аз пардохт нашудани маошашон шикоят мекунанд
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 НБО “Роғун” истеҳсоли барқро се баробар афзоиш додааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳоло танҳо ду агрегати НБО “Роғун” ба кор дароварда шудааст. Агрегати авввали НБО “Роғун” моҳи ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм соли 2019 ба кор дароварда шуда буд. Ҳамагӣ дар НБО “Роғун” қарор аст шаш агрегат насб шавад.