ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik.Номзадҳои курсии президентии Тоҷикистон шаҳодатнома гирифтанд, гузориш медиҳад "Ховар".
Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода маросими супоридани Шаҳодатномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номзадҳои бақайдгирифташуда сурат гирифт.
"Шаҳодатномаҳо ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот, Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ, Эмомалӣ Раҳмон, Раҳматзода Рустам ва Абдуллоев Мироҷ Санонович дар фазои тантанавӣ супорида шуданд", - менависад манбаъ.
Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон дар соли 2020: кӣ, чӣ қадар имзо ҷамъ кард
Ёдовар мешавем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст.