ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ҳаҷми савдои хориҷаи Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли равон ба 8 дар сад афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати кишвар.
Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон маблағи савдо 3,5 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 222 миллион сомонӣ бештар аст.
Дар ҳамин ҳол, тавозуни савдо манфӣ буда ва 960,1 миллион долларро ташкил додааст.
Аммо воридоти коло камтар шудаву ҳудуди ду миллиард долларро ташкил додааст, ки ба 7,5 дар сад камтар назар ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Содироти маҳсулот ба 49,1 дар сад ва ё ба 343,9 миллион доллар бештар шудаву 1,4 миллиард долларро ташкил додааст.
Роҳи ҷадид: содироти молу коло аз Эрон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз масири Афғонистон
Гуфта мешавад, шарики асосии тиҷории Тоҷикистон дар ин давра низ Русия мемонад: гардиши коло байни ин кишварҳо 648,1 миллион долларро ташкил додаву назар ба ҳамин давраи соли гузашта танҳо ба як дар сад камтар шудааст.
Бо Чин бошад, имсол гардиши коло то 24,2 дар сад кам шудааст.