ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Бино ба хабари БДА Суғд, имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи ноҳияи Б. Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои ба номи И. Сомонӣ, К. Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ҳудуди Галамайдон то Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, роҳи миёни Деҳмой – Конибодом, кӯчаҳои Б. Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон ва кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон маҳдуд карда мешавад.
БДА сабаби муваққатан маҳдуд шудани ҳаракат дар ин роҳу кӯчаҳоро ба муносибати ташрифи меҳмонони баладмақом шарҳ додааст.
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории меҳмонони олиқадр дар шаҳру ноҳияҳои Суғд аз санаи 12 оғоз шуда, то 17 сентябр идома хоҳад дошт.
Бар пояи иттилоъи БДА пагоҳ, 17 сентябр низ маҳдуд шудани ҳаракати воистаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои ба номи Б. Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон дар назар дошта шудааст.
Мақомоти БДА бо нашри ин эълон аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки дар санаҳои нишондодашуда аз ҳаракати нақлиёт дар роҳу кӯчаҳои дар боло зикр гардида худдорӣ намуда, ҳаракати худро тариқи роҳу кӯчаҳои ҳамшафат ин кӯчаҳо идома диҳанд.
"Дар сурати муқобил нисбати ронандагон чораҳои маъмурӣ андешида мешавад",- омадааст дар иттилоияи БДА.