Бино бар пандемия 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав бекор монданд

Аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар даврони пандемия бекор монданд ва теъдоди ками онҳо барои худ пул захра карда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи таҳлилҳои Гурӯҳи таҳқиқоти муҳоҷират ва этнетикии Русия 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар даврони паҳншавии вируси корона бекор монданд.

60 дарсад! Шиддати муҳоҷират паст, аммо муҳоҷирин зиёд шудаанд

Коршиносон миёни муҳоҷирони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар бораи таъсири пандемия ба кору зиндагии онҳо дар Маскав назарсанҷӣ анҷом доданд.

Зимни назарсанҷӣ маълум шуд, ки 74 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми пандемия аз кор хориҷ ё ба рӯхсатии бардавом меҳнатӣ бидуни пардохти маблағ равон карда шуданд.

Ҳамзамон зимни ин назарсанҷи маълум шуд, ки танҳо 40 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар даврони пандемия пул захира кардаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 13 дарсади муҳоҷирон корӣ барои муҳлати дарозтар пули бештар захира кардаанд.

Ҳамчунин зимни гуфтугӯ бо рӯзномаи “КП” раиси федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, гуфт аксари муҳоҷирон омода буданд, пулҳояшонро сарфа кунанд. Ба гуфтаи вай муҳоҷирон мехостанд пандемияро дар Маскав  паси сар кунанд то барои кор ба кишварҳои мухталиф нараванд.

Путин созишномаи муҳоҷират бо Тоҷикистонро имзо кард

“Бештар кор дар минтақаҳои гуногуни Русия дар соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасид. Дар сомона беш аз 7-8 ҳазор нафар сабти ном шуда буд. Аз ҳамин ҳазорҳо нафар танҳо 40 нафар барои кор омодагии худро нишон доданд”, - таъкид дошт Коженов.

Вай илова кард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав омода буданд бо хароҷоти ночиз бимонанд ва баъд аз маҳдудиятҳо ба кори пешина ё ба кори монанд баргарданд.

“Як одат шудааст, ки муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия барои кор кардани пул  меояд, то ки як қисми пули коркардаашро барои оилааш равон кунад. Аммо баъзеҳояшон дигар мақсад доранд. Онҳао ба Маскав меоянд ва мегуянд: ман мехоҳам дар ин шаҳр бимонам ва ҳар коре бо ман кунед ман аз ин ҷо  ҳеҷ куҷо намеравам”, таъкид кард раиси раиси федератсияи муҳоҷирони Русия.