Ҷашнҳои рӯзи 15 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 15 сентябр Рӯзи байналмилалии демократия буда, дар Доғистон – Рӯзи муттаҳидии халқҳои Доғистон, дар Гватемала-ва Коста Рика –Рӯзи истиқлолият мебошад
Sputnik

Рӯзи 15 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1830 дар Англия аввалин роҳи оҳани байналмилалӣ аз Ливерпул ба самти Манчестер кушода шуд.

Соли 1930 дар Испания сензураи воситаҳои ахбори омма бекор карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1997 домени Google.com ба қайд гирифта шуд.

Соли 1916 аввалин маротиба дар таърихи ҷангҳои ҷаҳонӣ дар амалиёти низомӣ танкҳо истифода шуданд.

Соли 1917 аввалин шумораи «Форбс» (Forbes) –маҷаллаи молиявӣ-иқтисодии Америка, яке аз машҳуртарин нашрияҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон аз чоп баромад.

Ҷашнҳои рӯзи 15 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 15 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми Кумита оид ба ҳамкории гумрукии барномаи ҳамкории минтақавӣ-иқтисодии Осиёи Марказӣ доир шуд.

Соли 2011 китоби «Системаи экологии Тоҷикистон» аз чоп баромад.

Ҷашнҳои рӯзи 10 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоиза ба ғолибони мусобиқаи «Беҳтарин мол ва хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010 фармон имзо карданд.

Соли 2009 Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Марми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро барои хидматҳои махсусан муҳимашон дар рушди нақлиёт ва боркашонии байналмилалӣ бо Ордени ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ сарфароз гардонид.

Соли 2015 дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии демократия.
  • Дар Доғистон – Рӯзи муттаҳидии халқҳои Доғистон.
  • Дар Гватемала- Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Коста Рика –Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 15 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Авлиёхон Эшон (1957)- шоири узбекзабони Тоҷикистон.

Мақсуд Алиҷонов (1932)- муаррих, профессор.

Бароти Абдураҳмон (1947) – нависанда, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Абузунун Ғаффоров (1927) – доктори илми кишоварзӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Зайнулобиддини Шариф (1934-1995)- нависанда.

Хайриддин Идиев (1967) – доктори илми фалсафа.

Мақсудшо Имматшоев (1953 – 1994) – актёри кино, коргардони ТВ.

Яҳё Исоев (1928-2008)- адабиётшинос, профессор.

Бобокалон Исоматов (1940) – иқтисоддон, профессор.

Убайдулло Кароматов (1963) – сароянда.

Мирзоди Маонӣ (Тўйчӣ Миров) (1941)- нависанда.

Гуландом Муҳаббатова (1949) – киношинос, коргардон.

Амонқул Одилов (1943)- журналист, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Қосим Осимӣ (1921-2007)- математик профессор.

Абдулло Расулов (1931)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Яҳё Раҳимов (1916 – 1993) - доктори илми тиб, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Зуҳуршо Раҳматуллоев (1914-1999)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Носир Раҳмонов (1961)- кинорежиссёр.

Салоҳиддин Садриддин (1946) – шоир.

Сафарбек Солиев (1959) – коргардони кино.

Субҳони Саид (1960-2016)- сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Муллоҷон Фозилов (1914 – 1977) – забоншинос, узви вобастаи АИ Тоҷикистон,Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Ҷавоҳирзода Субҳӣ (1946)- шоир.

Иброн Шарифов (1931-2013) – доктори илми фалсафа, профессор.

София Шаркаева (1926) – Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Кенҷабой Юсуфов (1931- 2002)- адабиётшинос, профессор.

Рӯзи 15 сентябр дар Тоҷикистон кӣ вафот кард

Соли 2011 - Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар синни 59 дар Душанбе даргузашт.