“Зану кӯдак надорам гуфт”: марди 56-сола ҳамзисти духтарашро барои дурӯғгӯӣ куштаст-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши видеоӣ аз боздошти Тоҳир Агойликов, сокини 56-солаи шаҳраки Ғончӣ хабар дод, ки дар қатли ҳамзисти духтараш айбдор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, муттаҳам марди 56-сола, ки пеш низ барои одамкушӣ суд шудааст, ҳамзисти духтараш Саидҷон Боймуродовро ба қатл расондааст. Марҳум бо духтари марди муттаҳам никоҳи мусалмонӣ доштааст.

“Бисёр вазнин мешавад”: Раҳмон мақсади сафарҳояш дар даври "короно"-ро гуфт-видео

Худи муттаҳам дар гузориши видеоии ВУД мегӯяд, Боймуродовро барои фиребу дурӯғгӯияш ба қатл расондааст.

“Вақте дар Русия будам, ҳамсараму хонагиҳоро фиреб карда, гуфтааст, ки ман зан надорам, кӯдак надорам, аз ман фарзанд намешавад, модару хоҳарҳояшро оварда тӯйу никоҳи мусалмонӣ карда, гирифтаст. Баъд фаҳмидам, ки бисёр корҳои дурӯғ гап задааст. Зану кӯдак доштаст, занашро се талоқ карда, саргардон кардааст”, - изҳор дошт Агойликов дар гузориши ВУД.

Қаблан ВУД хабар дода буд, ки Агойликов "28-уми августи соли 2020, тахминан соати 15:00 дар хонаи истиқоматиаш, аз сабабе, ки ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан, бо духтараш - ҷавонзани 26-солаи сокини ҳамон ҷо, ҳамзист мебошад, муноқиша намуда, дар мошинсарои назди хонаи истиқоматиаш ҷабрдидаро лату кӯб намуда, бо болға якчанд маротиба ба сараш зада ба ҳалокат расонидааст".

Манбаъ илова намуд, ки ҳодиса баъди як ҳафта ошкор карда шуд. Феълан алайҳи муттаҳам парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.