Вазорати маориф сабти номи донишҷӯёни машғули таҳсил дар хориҷаро оғоз кард

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сабти донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷа дохил шуданд ё таҳсил мекунанд ва бинобар сабаби қатъи алоқаи ҳавоӣ ба муассисаҳои таълимиашон рафта наметавонанд, оғоз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид кардааст, ки  бақайдгирии донишҷӯён дар Маркази барномаҳои байналмилалии вазорат ба роҳ монда мешавад.

Вазири маориф: Русия фақат барои донишҷӯён сарҳадро боз намекунад

“Аз донишҷӯёне, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар дохил шудаанд ва донишҷӯёне, ки ҳангоми таътил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, вобаста ба вазъи эпидемиявӣ ҷорӣ шудани маҳдудият ва баста шудани сарҳадҳо ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар баргашта натавонистанд, хоҳиш карда мешавад, ки тибқи ҷадвали замимашуда ба суроғаи электронии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм - mbb-2008@mail.ru (ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47) маълумоти заруриро ирсол намоянд”, -таъкид доштааст вазорати маориф.

Бояд қайд кард, ки қаблан ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, ду парвози чартерӣ ба шаҳри Минск ташкил кард.

Ҳамчунин донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия таҳисл мекунанд, интизори оғози парвозҳо мебошанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, шумори донишҷӯёнро, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд беш аз 4 ҳазор нафар эълон карда буд. Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон аз ин шумор зиёда аз 1 ҳазор нафарашон ҳамин сол дохил шудаанд.